Jump to content

Иттилоот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
400

Иттилоот — (ар. اطلاعات‎ — хабар, ахбор), информа́тсия (аз лот. informātiō — «тавзеҳот, андеша, фаҳмиш дар бораи чизе», аз лот. informare — «додани афкор, шакл, омӯхтан; фикр кардан, тасаввур кардан») — маълумот оид ба муҳити атроф, ки сатҳи номуайянии дониши инсонро кам менамояд.

Мафҳуми информатсия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Информатсия мафҳуми хеле васеъ аст. Калимаҳои арабии «хабар», «ахбор», «маълумот», «иттилоот» ва ғайра баъзе паҳлӯҳои мафҳуми информатсияро маънидод менамоянд, вале ягонтои он ин калимаро пурра иваз карда наметавонанд. Масалан, сигнали ягон датчик ё бӯйи ягон таъомро информатсия гуфтан мумкин аст, вале иттилоотро на.
Мафҳуми информатсия аз калимаи лотинии information сарчашма гирифта, маънои маънидодкунӣ, фаҳмондадиҳӣ, баёнкунӣ, хабардоркунӣ ва ғайраро дорад. Одамон информатсияро ба ҳамдигар бо тарзҳои шифоҳӣ, хаттӣ ё дар намудҳои имову ишоратӣ ва ё аломатӣ мерасонанд. Инсон ҳар гуна информатсияро аввал худаш дарк мекунад ва баъд онро ба дигарон ирсол медиҳад.
Мо информатсияро аз китобҳои таълимию илмӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ва намоишномаҳои телевизиониву кинофилмҳо мегирем. Онро дар дафтар ё конспектҳоямон қайд менамоем. Дар фаъҳолияти истеҳсолӣ, мо информатсияро дар намуди матну нақшаҳо, маълумотномаву ҳисоботҳо, ҷадвалҳо ва дигар намуди ҳуҷҷатҳо ба қайд мегирем, ё интиқол медиҳем. Чунин намуд информатсияҳоро бо ёрии компютер низ ба қайд гирифта, кор карда баромадан ва интиқол додан мумкин аст.
Новобаста аз намуди тасвиршавиаш, информатсия ҳамеша маълумот дар бораи ягон шахс ё ягон чиз аст. Вай ҳодисаҳои дар ҳаёти мо аллакай рӯйдода ё рӯйдиҳандаро инъикос менамояд. Масалан, мо дирӯз кадом корҳоро анҷом додем, ё пагоҳ бо чӣ корҳо машғул мешавем, мисолҳои информатсия шуда метавонанд. Дар ин мавридҳо бояд информатсия ҳатман дар ягоҳн шакли мушаххас – ҳикоя, расм, мақола, шеър ва ғайра тасвир гардад, ё ба қайд гирифта шавад. Асарҳои мусиқӣ ва графикӣ, китобу мусаввараҳо, спектаклу кинофилмҳо – шаклҳои гуногуни тасвири информатсияро ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ, информатсия дар ҳар гуна шакл – инъикоси дунёи воқеӣ ё хаёлӣ мебошад. Аз ин рӯ, информатсияро ҳамчун инъикоси ҷаҳони моддӣ дар шакли аломатҳо ва сигналҳо тасвир кардан мумкин аст. Вале ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки таърифи мутлақо аниқи информатсия вуҷуд надорад. Вай ҳамчун мафҳумҳои нуқта ё ҳамворӣ дар геометрия ва ё адад дар математика мафҳуми ибтидоӣ аст. Информатсияро чунин маънидод кардан мумкин аст:
Информатсия маълумот дар бораи ягон ҳодиса, предмет, шахс, рӯйдод ва умуман муҳити атроф аст, ки сатҳи номуайянии дониши инсонро дар ҳамон самти омӯзиш кам менамояд.
Бояд гуфт, ки информатсия объекти моддӣ нест:

  • Ҳангоми ирсол аз як ҷой ба ҷои дигар, информатсия дар ҷои пешинааш низ боқӣ мемонад.
  • Барои ирсол додан информатсия бояд дар ягон барандаи моддӣ тасвир карда шавад.
  • Новобаста аз намуди баранда, миқдори информатсия бетағйир мемонад.

Тасвири моддӣ, энергетикӣ ва информатсионии олам'. Инсоният дар тӯли мавҷудияти худ як зумра инқилобҳои илмию техникиро паси сар намудааст, ки ҳар кадомашон дар камолот ва худшиносии он нақши амиқро боқӣ гузоштаанд. Масалан, асри сангӣ ба пайдоиши аввалин олоти меҳнат сабаб гашт, ки он заҳмати инсонро куллан дигаргун сохт. Асри биринҷӣ ба азхудкунии гудохтани металл овард, ки он дар дигаргуншавии моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ такони бузурге буд. Ва ҳамин зайл, асри чарх ба пайдоиш ва истифодаи аробаю автомобил, асри барқ ба офариниш ва истифодаи энергияи беҳамтои барқӣ, асри ядроӣ ба инкишофи омӯзиши кайҳон ва энергетикаи атомӣ сабаб гаштаанд, ки онҳо меҳнати фикрию ҷисмонии инсонро миллионҳо маротиба осон гардонидаанд. Имрӯзҳо мо зуд-зуд дар хусуси асри информатсионӣ сухан меронем.
Дар ҳақиқат асри ХХI асри информатика ва технологияҳои информатсионӣ мебошад. Дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи навтарини коркарди информатсия баҳравар мегардад. Омилҳои сегона, яъне модда-энергия-информатсия ба зумраи он ғизоҳое табдил меёбанд, ки инсони қарни нав мазмуну мундариҷаи ҳаёт ва фаъолияти ақлонию ҷисмонии худро дар такя ба онҳо ба низом медарорад.

Намудҳои информатсия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гарчанде инсон информатсияро амалан бо тамоми узвҳои ҳиссиёти худ қабул намояд ҳам, вале ҳоло вай коркарди компютерии на ҳама намудҳои информатсияро аз худ намудааст. Масалан, идроки эстетикӣ ё муносибати байни одамон аз зумраи он проблемаҳоеанд, ки коркарди компютерии онҳоро вақт интизор аст. Дар замони мо компютер дар коркарди намудҳои зерини информатсия ба таври васеъ ба роҳ монда мешаванд:

  • информатсияи матнӣ
  • информатсияи ададӣ
  • информатсия дар бораи таърихи рӯз ва вақт
  • информатсияи сабти садоӣ
  • информатсияи графикӣ, аниматсия ва видеофилмҳо
  • информатсияи махсуси дуӣ.

Дар ибтидо компютер танҳо барои коркарди информатсияи ададӣ хидмат мерасонид. Вале ба зудӣ маълум гашт, ки имкониятҳои компютер хеле васеъ будааст. Аз тарафи дигар, набояд фаромӯш кард, ки имкониятҳои компютер беохир нест. Вай дар он соҳаҳое самараи хуб дода метавонад, ки истифодааш дар онҳо амалан собит гаштааст. Соҳаҳои тадбиқи имрӯзаи технологияҳои компютерӣ намудҳои дар боло овардашудаи информатсия ба шумор мераванд. Мутаасифона, тарақиёти минбаъдаи техникаи компютерӣ танҳо ба коркарди ҳаҷми зиёдтари ҳамин намуд информатсияҳо меовараду халос.

Хосиятҳои информатсия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарёфти информатсия – ин ба даст овардани далел, маълумот ва додашудаҳо дар бораи хосиятҳо, сохтор ё алоқамандии объектҳо ва рӯйдодҳои муҳити атрофи мо мебошад.
Мазмуни моддии информатсия имкон медиҳад, ки хосиятҳои асосии он – саҳеҳӣ, мукаммалӣ, муҳимӣ, актуалӣ, аниқӣ, дастрасӣ, кӯтоҳӣ ва фаҳмогӣ равшан карда шаванд.

  • Информатсия саҳеҳ (мӯътамад) ҳисоб карда мешавад, агар вай вазъи аслро мутлақо дуруст тасвир намояд. Информатсияи носаҳеҳ боиси хатофаҳмии рӯйдод ва қабули қарорҳои нодуруст мегардад.
  • Информатсия мукаммал (пурра) шумурда мешавад, агар вай барои фаҳмиши вазъи асл ва қабули қарори дахлдор кифоя бошад. Нопуррагии информатсия монеаи қабули қарорҳо ва сабаби роҳдиҳӣ ба хатоҳо мегардад.
  • Муҳиммии (арзандагии) информатсия дар он зоҳир мегардад, ки бо ёрии он кадом масъалаҳо ҳал карда мешаванд.
  • Информатсия актуалӣ (замонавӣ) ҳисобида мешавад, агар вай дар шароити доимо тағйирёбанда воқеиятро дуруст инъикос намояд.
  • Информатсия фаҳмо (возеҳ, аён) шумурда мешавад, агар вай тарзе ифода шуда бошад, ки дастраси истифодабаранда бошад.
  • Информатсия аниқ ҳисобида мешавад, агар вай дараҷаи беҳтарини наздикии вазъи аслии объект, раванд ё рӯйдодро инъикос намояд.

Тарзҳои кодиронии информатсия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кодиронии рақамии информатсияҳои намудашон гуногун. Раванди ташаккули тарзи муайяни тасвири информатсияро кодиронии (рамзсозӣ, рамзбандӣ) информатсия мегӯянд. Одатан дар зери мафҳуми кодиронии информатсия гузариш аз як тарз ба дигар тарзи тасвири информатсияро мефаҳмонд, ки вай барои нигаҳдорӣ, интиқол ва коркард қулайтар аст.
Компютер танҳо намуди информатсияеро кор карда баромада метавонад, ки вай дар шакли рақамӣ тасвир шуда бошад. Ҳар гуна информатсияи намуди дигар – садо, наво, матн, график, расм, нишондоди асбобҳо ва ғайра ҳангоми коркарди компютерӣ бояд аввал ба шакли рақамӣ табдил дода шавад. Масалан, барои садои мусиқиро ба шакли ададӣ табдил додан, кифоя аст, ки дар фҳосилаҳои начандон калони вақт баландии (шиддати) садоро барои зудиҳои муайян чен намоем ва натиҷаҳои ченкуниҳоро дар шакли рақамӣ ба қайд гирем. Бо ёрии программаҳои компютерӣ бошад, ин табдилотро дар шакли садои мусиқӣ аз нав барқарор намудан мумкин аст.
Айнан ҳамин тавр, бо ёрии компютер информатсияи матниро низ кор карда баромадан мумкин аст. Ҳангоми ба компютер дохил намудани рамзҳо (ҳарф, рақам, аломат) онҳо бо ёрии ягон адади муайян кодиронида мешаванд. Дар вақти ба қисмҳои беруна (экран, принтер) хориҷ намудан бошад, баръакс, аз рӯи коди онҳо тасвири худи рамзҳо сохта мешавад. Ана ҳамин мувофиқати байни рамзҳову ададҳоро рамзсозӣ мегӯянд.
Чун қоида, ҳамаи ададҳо дар компютер бо ёрии рақамҳои нолу як (0, 1) тасвир карда мешаванд. Яъне, компютер асосан дар базаи системаи ҳисоби дуӣ кор мекунад. Сабаби асосии истифодаи системаи ҳисоби дуӣ дар он аст, ки дар ин маврид таҷҳизоти коркарди информатсия намуди хеле соддаро қабул менамояд. Дохилкунӣ ва хориҷкунии ададҳо бо ёрии компютер бошад, дар шакли муқаррарӣ (одатӣ) иҷро карда мешавад, чунки ҳамаи табдилдиҳиҳоро программаҳои компютерӣ ба зиммаи худ мегиранд.

Андозагирии информатсия ва ченакҳои он

[вироиш | вироиши манбаъ]

Воҳиди ченкунии информатсияро бит (bit) мегӯянд, ки он аз калимаҳои кӯтоҳкардашудаи англисии binary digit (рақами дуӣ) гирифта шудааст. Дар техникаи компютерӣ бит ба вазъи физикии барандаи информатсия мувофиқат мекунад. Масалан, магнит мекашад – магнит тела медиҳад, сӯрохӣ ҳаст – сӯрохӣ нест, лампа фурӯзон ҳаст – лампа хомӯш аст. Яке аз вазъҳоро ба воситаи рақами 0 ва дигарашро бо 1 ишорат кардан одат шудааст. Интихоби яке аз ду варианти имконпазирро бо доимиҳои мантиқии «дуруст» ва «нодуруст» низ ифода мекунанд. Бо ёрии пайдарпайии битҳо матн, мусаввара, садо ё дигар намуд информатсияро кодиронидан мумкин аст. Методи бо битҳо тасвиркунии информатсияро методи кодиронии дуӣ (binary encoding) мегӯянд. Дар информатика бештар аз бузургии калонтар - байт (byte) истифода мебаранд, ки вай ба 8 бит баробар аст. Агар бит имконияти аз ду варианти имконпазир интихоб намудани якеро фароҳам оварад, он гоҳ байт, мувофиқан, яке аз 256 варианти имконпазирро (28) пешкаш менамояд. Аксарияти компютерҳои замонавӣ ҳангоми кодиронии рамзҳо пайдарпайии аз 8 нулу якҳо (як байт) иборатбударо истифода мебаранд. Мувофиқати байни байтҳо ва рамзҳо бо ёрии ҷадвалҳои махсус ба танзим оварда мешаванд. Масалан, мувофиқи ҷадвали кодии Koi8-R коди ҳарфи М ба 11101101, коди ҳарфи И ба 11101001 ва коди рамзи пробел (мавқеи холӣ) ба 00100000 баробар аст. Дар баробари байтҳо барои ченкунии миқдори информатсия аз ченакҳои боз ҳам калонтар истифода мебаранд:

1 Кбайт (як килобайт) = 210 байт = 1024 байт;
1 Мбайт (як мегабайт) = 210 Кбайт = 1024 Кбайт;
1 Гбайт (як гигабайт) = 210 Мбайт = 1024 Мбайт;
1 Тбайт (як терабайт) = 210 Гбайт = 1024 Гбайт.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  翻译: